расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

. / Ҳаводис

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

165
Рӯзи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Мардонов Ховар Навбаҳорович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, дар ҳудуди деҳаи Боғев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Ғунд” чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Мардонов Х.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Раҷабов Хуршед Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар маҳалаи Хуҷамбиёи Боло аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба девори бетонии мобайни роҳ бархӯрда, ба дарёи «Душанбе» чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Раҷабов Х.Р. ва мусофираш Шаҳзодаи Неъмат, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофирон: Маҳмадов Бахтиёр Шарифбекович, соли таваллудаш 1997, Давлатов Довуд Иброҳимович, соли таваллудаш 2000, Нафасов Зулфиқор Дилбарович, соли таваллудаш 2000, Давлатхӯҷаев Шамсиддин Саидмуродович, соли таваллудаш 1999, сокинони пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамзамон рӯзи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Исфара-Шӯроб», дар 54-ум километр бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Салихов Худойназар Низомиддинович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалӣ намудани амалиёти «Боздошт» ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Маҳмудов Баҳодур Абдуқодирович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳраки Шӯроб, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.