расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди 45-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ

. / Ҳаводис

Боздошти марди 45-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:10-дақиқа дар дохили чойхонаи «Сомғор», воқеъ дар маҳаллаи Сомғор бо марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, охиронро лату кӯб намуда, бо мизу предметҳои дар он ҷой буда, ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.