расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 9-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди мағозаи «Азим», воқеъ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри мазкур ба фурӯши ҳасиб ва ҳасибчаҳо машғул буданаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба гардан ва 1-маротиба ба шикамаш задаст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 16-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо амакаш, марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба аъзоҳои баданаш задаст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.