Бо корд захмӣ намудани ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 48-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ писари ноболиғи 17-солаашро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос дашному ҳақорат карда, бо корд ба рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.Дар натиҷа, писараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.