расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Чаро дар Тоҷикистон омӯзиши динӣ муҳим аст? Оё дастрас аст?

. / Дин

Чаро дар Тоҷикистон омӯзиши динӣ муҳим аст? Оё дастрас аст?

Сурат: Акс аз навори ВКД
Моҳи декабри соли 2020 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки сокини шаҳри Ваҳдат Абдуҳалим Ашӯровро барои ташкили ғайриқонунии мадраса дар хонааш боздошт намуд.

Мувофиқи малумоти ВКД, Абдуҳалим Ашӯров, ки дониши динӣ надорад, ба кӯдакони сокинони маҳаллӣ қонунҳои шариатро меомӯзонд. Худи мард дар гузориши вазорат гуфт, ки дар назди як муллои маҳаллӣ дарс хондааст. Дар гузориши вазорат ҳамчунин ишора мешавад, ки Ашӯров бар ивази пул ба кӯдакон дарс мегуфт, вале барои онҳо ба монанди мактаб шароит фароҳам наовардааст.

Ин ҳолати ягона нест, чанд соли ахир даҳҳо рӯҳонӣ барои таъсиси мадрасаҳои ғайриқонунии динӣ ва таълими нодурусти динӣ боздошт ва муҷозот шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамоно таваҷҷуҳи як қишри ҷомеа ба мадрасаҳои ғайриқонунии динӣ ва таълимоти нодурусти динӣ баланд аст. 

Мо аз коршиносон ва ҷомеашиносон пурсидем, ки дар Тоҷикистон таълимоти дурусти диниро дар куҷо метавон гирифт ва то куҷо ҷорӣ намудани таълимоти динӣ дар мактабҳои миёна ва масоҷиди кишвар пеши роҳи ифротгароиро гирифта метавонад.

Таълимоти динӣ танҳо дар Донишкадаи исломӣ

Донишкадаи исломии ТоҷикистонРадио "Озоди"

Соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид карда шуд. Бар асоси таѓйироти мазкур таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, таълими динӣ низ ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ вогузор шуд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шудаву ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо дини ислом тадрис намешавад. 

Сабаби қатъи мадрасаҳои диниро мақомот пешгирии гароидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ унвон намуда буданд. Коршиносон мегӯянд камсаводию бесаводии динӣ омили умдаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мебошад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз Тоҷикистон барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ шадидан интиқод кардаанд. Вазорати хориҷаи Амрико соли гузашта дар гузориши худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" изофа кард.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон Афшимни Муқим мегӯяд, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро ҳамасола садҳо нафар хатм менамоянд, ки амалан талаботи кишвари мо ба кормандони соҳаи динро қонеъ месозанд. 

Ҳамзамон соли гузашта дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфта буд, ки бар асоси қонун, наврасони тоҷикро танҳо волидони онҳо метавонанд таълими ибтидоии динӣ диҳанд ва касе онҳоро ҷазо намедиҳад. 

“Як муддат таълими динӣ мавриди сӯиистифода қарор гирифт. Агар мо беназорат монем, сӯиистифода шуданаш аз ҷониби гуруҳҳо вуҷуд дорад. Ин як чизи инкорношуданӣ аст. Пешниҳодҳо вобаста ба таълимоти динӣ ҳастанд ва мо баррасӣ дорем, ки кадом шаклро ба мардум пешниҳод кунем", - гуфта буд С. Давлатзода.

Гуруҳҳои таълими динӣ ва таблиғгарони исломи ноб

Саидаҳмад ҚаландаровАкс аз CABAR.asia

Низоъшинос Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд, бо ҷалби имомхатибони донишманд дар назди масоҷид гурӯҳҳои таълимии динӣ бояд таъсис дода шавад, то ҷавонон бо розигии волидайн ва таҳти назорат ба таълимоти дурусти динӣ фаро гирифта шаванд. 

“Ин имкон медиҳад, ки хатмкунандагони он минбаъд тарғибгари исломи ноб шаванд ва барангехтани ҳар гуна ихтилофро дар ҷомеа пешгирӣ намоянд. Чунин гурӯҳҳои таълимии динӣ дар назди ибодатгоҳҳои баъзе давлатҳои дуниявӣ, масалан Фаронса, фаъолият мекунанд. Ин барои кам шудани теъдоди гаравандаҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ замина мегузорад”, - гуфт Қаландаров.

Ба андешаи ӯ, аз он сабаб ки бештар аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистон мусалмон аст, дар дарси «Таърихи дин», ки дар мактбаҳо омӯзиш дода мешавад, ба ислом ва мазҳаби ҳанафӣ афзалият дода шавад. 

Тафаккури интиқодӣ ва дин

Зулайхо УсмоноваАкс аз сахифаи шахсӣ дар Facebook

Ҷомеашинос Зулайхо Усмонова бар он назар аст, ки дар мактабҳои кишвар набояд таълимоти динӣ ҷорӣ карда шавад, чунки Тоҷикистон давлати дуниявӣ аст ва дин аз давлат ҷудост. 

“Сабаби ба таълимоти нодуруст таваҷҷуҳ доштани як қишри ҷомеа ин истифодаи хуби технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Интернет аз ҷониби «нимчамуллоҳои экстремистӣ» ва таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ аст, ки оид ба саволҳояшон (оид ба дин, зиндагӣ ва ғайра) ҷавобҳои оддӣ пешниҳод мекунанд ва ҷавонон ақидаҳои тайёрро ба таври автоматӣ, бе ягон таҳлилу тафаккури интиқодӣ қабул мекунанд”, - мегӯяд ин ҷомеашинос. 

Ба гуфтаи Усмонова, барои он ки ҷавонон ба таълимоти дурусти динӣ таваҷҷуҳ кунанд, бояд ба онҳо тафаккури интиқодиро омӯзонд. 

“На танҳо донишҷӯён балки омӯзгорон ҳам ба тафаккури интиқодӣ ниёз доранд. Муаллим набояд, андешаи худро ба сари хонанда бор кунад. Дар ин ҳолат тафаккури интиқодии хонанда "шикаста" мешавад. Омӯзгор бояд таъкид намояд, ки нисбати ин масъала чанд назария ва ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, хонанда дар интихоби ақидаҳо озод аст ва метавонад таҳлил намуда, як аз ақидаро интихоб намояд”, - гуфт Усмонова.

Фарҳанг муқобили таълимоти нодурусти динӣ

Нозим НурзодаАкс аз сомонаи ravshanfikr.tj

Аммо ҷомеашинос Нозим Нурзода дар мавриди таълимоти дурусти динӣ назари дигар дорад.  

“Агар таълимоти дурусти диниро ҳам дар ба роҳ монем, масъала амиқтар мешавад ва роҳи ҳал нест. Чунки аксари динҳо на даъвои таълим ё омӯхтани илм, балки даъвои сиёсӣ доранд”, - мегӯяд ӯ.

Ба таъкиди Нурзода, муқобили таълимоти нодурусти динӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ истифодаи гузинаҳои фарҳангӣ ва маданиву ҳунарӣ низ метавонад судманд бошад. Масалан, барномаҳои хуби телевизионӣ, интернетӣ барои сину соли гуногун пешниҳод намудан лозим аст, ки то мардум бо фарҳанги худ ошно шаванд. 

“Хатари ифротагроии динӣ, дар он аст, ки вақте мо таълимоти диниро озод мегузорем ва дар баробари он алтернатива надорем. Мисли ин ки барои фароизи динӣ шароит фароҳам овардаем, вале барои фарҳанг фазо нест. Имрӯз, аз хонаҳои фарҳанг, ки дар замони Шӯравӣ фаъол буданд, танҳо ном мондаасту халос. Бояд онҳоро зинда кард, то ҷавонон ба фарҳанг банд шаванд”, - хулоса намуд ин ҷомеашиноси тоҷик.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.