расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » ВИДЕОИ ЗАНЕ, КИ БО ҚАРТА, ПОИ ГӮСФАНД ВА ДИЛИ ГОВ ҶОДУГАРӢ МЕКАРД

. / Дин

ВИДЕОИ ЗАНЕ, КИ БО ҚАРТА, ПОИ ГӮСФАНД ВА ДИЛИ ГОВ ҶОДУГАРӢ МЕКАРД



ВКД Тоҷикистон бо нашри як гузориши видеоӣ хабар дод, ки як зани сокини кӯчаи ба номи Чинор Имомови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо иттиҳоми авомфиребӣ дастгир кардааст. Дар ин гузориш, ки дар барномаи "Ахбори ВКД” дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, Саломат Бобошарипова муфассал нақл мекунад, ки чӣ гуна бо пои гӯсфанду дилу гов, қуфлу ришта ва ашёи дигар гӯё одамонро ба ҳамдигар гарм ё хунук мекард ва ҳатто духтарони бероҳаро гӯё аз роҳи бад мегардонд роҳи шавҳарон ба сӯи хиёнат ба завҷаҳояшонро мебаст. Ба зидди ин зан парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд ва ба вай бар асоси моддаи 482-юми Кодекси ҳуқуқвайроникуниҳои маъмурӣ барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ ҷарима ба маблағи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2320 то 2900 сомонӣ) ҷарима таҳдид мекунад.
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар баъзе аз нафарони кӯтоҳандеш як роҳи махсуси мардумфиребӣ, фолбиниву сеҳргариро пешаи худ қарор дода, аз ҳисоби мардуми соддаву гумроҳ зиндагии худро пеш мебаранд. Солҳои охир шумораи зиёди табобатгоҳҳову бемористонҳо барои табобати беморон фаъолият кунанд ҳам, вале аз ҳисоби камсаводию соддагӣ мардум ба хусус беморон, барои шифою давои худ назди чунин нафарон мераванд.
Чунин як мардумфиреб, шаҳрванд Бобошарипова Саломат Саидмуродовна, соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи кӯчаи Чинор Имомови ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, худро ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, бо сеҳру ҷоду машғул шуда, аз мизоҷони худ маблағ талаб мекардааст. Чунин амали мардумфиребонаи ӯро кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ошкор намуданд.
Номбурда бо истифода аз боварии шаҳрвандон дар манзили истиқоматиаш корафтодагонро қабул намуда, тавассути қарта фолбинӣ менамудааст ва бо истифода аз ҳар гуна ашё гӯё сеҳру ҷоду намуда, бо ҳамин роҳ ба муштариёнаш ваъдаи беасос медодааст.
Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи кории номбурда қарта, якчанд адад сурат, пои гӯсфанд, дили гов, шамъ, қулф, ришта ва дигар ашёҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати шаҳрванд Бобошарипова Саломат тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, шуда барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Дилшод Холов,
Абдулло Шоҳиён
Гузоришро аз дақиқаи 14,30 тамошо кунед:


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.