расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Раиси Кумитаи дин: Сабаби боз нашудани масҷиди нав коронавирус аст, сару садоҳои дигар беасосанд

. / Дин

Раиси Кумитаи дин: Сабаби боз нашудани масҷиди нав коронавирус аст, сару садоҳои дигар беасосанд

Ҳанӯз мушаххас нест, масҷиди наве, ки дар Душанбе бо сармояи муштараки Тоҷикистону Қатар бунёд шудааст, кай ба баҳрабардорӣ супурда мешавад.

Сурат: Нозим Қаландаров
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи дер боз шудани дари масҷиди ҷомеи навсохти Душанберо рад кард. Ӯ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки сару садоҳои инро, ки гӯё ҷониби Қатар барои он ба маросими ба баҳрабардорӣ супурдани масҷиди нав намеояд, ки корҳои сохтмон мувофиқи лоиҳа набудаанд, рад кард ва гуфт "ин овозаҳо беасосанд".
Сулаймон Давлатзода мегӯяд, ки далели ба таъхир уфтодани масҷид хуруҷи вируси куруно дар соли гузашта буд, ки ҳоло ҳам ба далели ин вирус маълум нест ин масҷид кай ба баҳрабардорӣ супурда мешавад. 
"Овозаҳо дурӯғ аст ва ман шоҳид ҳастам, ки бояд соли гузашта сафари расмии амири Қатар баргузор мегардид, вале бо назардошти вазъияти эпидемиологӣ сафари амири Қатар  аз ҷониби Қатар ба таъхир гузошта шудааст".
Далели бо ҳузури амири Қатар боз шудани дари масҷидро Давлатзода ба он марбут медонад, ки "аз рӯйи протоколе, ки мавҷуд аст, қисмати бештари масҷид аз ҷониби давлати Қатар сохта шудааст. Худи ҷониби Қатар низ ба мо пешниҳод намуд, ки  барои кушодашави масҷид чӣ назар доред, вале дар кушодашавӣ бояд он ҷониб ширкат кунад". 
Ба гуфтаи раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, то ҳол маълум нест, ки масҷид кай кушода мешавад, вазъияти  эпидемиологӣ ва вакт инро муайян мекунад. Ӯ гуфт ҳарчанд вазъияти ҳозираи мо имкон медиҳад, ки меҳмонони Қатаро бипазирем, аммо мувофиқаи тарафайни бояд бошад ва инро вазорати корҳои хориҷӣ муаяйн мекунад.
Акси Asia-Plus
Бо сабаби дер боз шудани ин масҷид дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое дар гардиш аст, ки гӯё бунёди масҷид бар тибқи лоиҳа сурат нагирифтааст ва ба ҳамин далел ҷониби Қатар то замоне, ки он тибқи лоиҳа нашавад, дар маросими кушодашавияш ширкат намекунад. 
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе дар шимоли шаҳр бо сармояи давлати Қтар бунёд шудааст, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ мебошад. Метавонад беш аз 120 ҳазор намозгузорро бигунҷонад.
Бунёди ин масҷид соли 2019 ба поён расид ва қарор буд моҳи ноябри ҳамон сол боз шавад, вале баъдан ба моҳи марти 2020 ба таъхир гузошта шуд. Он замон гуфта мешуд, ки бояд амири давлати Қтар дар маросими кушодашавии он ширкат кунад. 

Бунёди ин масҷид моҳи октябри соли 2009, дар соли ҷашнгирии 1310 солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имом Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит оғоз шуд. Сохтмон моҳи октябри соли 2011ба таври фаъол шуруъ шуд.Арзиши сохтмон тақрибан 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ҳисаи Тоҷикистон 30 миллион доллар ва ҳиссаи Қатар 70 миллион доллар аст.
Масоҳати масҷид 12 гектар (0,12 км²) аст. Масҷид дорои китобхона, осорхона, утоқҳои конфронс, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин мебошад. Масҷид 4 манораи баландии 75 м, гунбази асосӣ 47 метр ва 20 гунболи хурд дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.