расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Мақомот аз намозгузории рӯзи аввали боз шудани масҷидҳо розиянд

. / Дин

Мақомот аз намозгузории рӯзи аввали боз шудани масҷидҳо розиянд

Имрӯз, пас аз 10 моҳи баста будани дари масҷидҳо мусулмонони Тоҷикистон намози ҷамоа хонданд

Сурат: Asia-Plus
Имрӯз масоҷиди Тоҷикистон дубора дари худро ба рӯйи намозгузорон боз карданд. Пас аз фосилаи 10-моҳа дубора боз шудани дари масоҷид барои мусалмонони Тоҷикистон идеро мемонд, ки дар чеҳраи намозгузорон ҳувайдо буд..
“Хеле хушҳол ҳастем, ки дарҳои масоҷид имрӯз ба мо дубора боз шуд. Ва мо кӯшиш мекунем, то талаботро роия кунем”, - гуфт сокини Душанбе Абдуманнон Ёров, ки ба намози ҷамоаи зуҳр ба Масҷиди марказии пойтахт омада буд.
“Хеле интизор будем, душвор аст эҳсосоти даруни худро кардан. Худо ҳаргиз беморие ба мо наояд. Хоҳонем, ки доимо дарҳои масоҷид кушода бошанд”, - мегӯяд сокини дигари пойтахт Саидҷон Сатторов.
Намози зуҳри имрӯзро дар Масҷиди марказӣ муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кард.
Пас аз назорати риояти қоидаҳои беҳдоштӣ, масъулин изҳор карданд, ки аз интизоми намозгузорон қаноатманданд.
“Барои мо, намояндагони мақомоти ваколатдор хеле ҷойи хушист, ки аксари тавсияҳои аз ҷониби мақомоти марбута ва ходимони дин пешниҳодшуда дар намози имрӯза риоя мешуданд, - гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Афшин Муқим.
Намозгузорон бо ниқобҳои тиббӣ омаданд, аксари онҳо бо худ ҷойнамозҳои шахсӣ овардаанд ва низом дар қисмати таҳоратхона хуб ба назар мерасид: пештар тавсия буд, ки хуб мешуд, агар намозгузорон дар хона таҳорат карда меомаданд”.
Қаблан мақомот гуфта буданд, агар талабот пурра риоя нашавад, эҳтимол дорад дарҳои масоҷид дубора баста шаванд.
Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно аввали моҳи марти соли 2020 баста буданд. Як муддате дарҳои масоҷид боз шуданд, вале охирҳои моҳи апрел дубора онҳоро бастанд. Ва ҳамин тавр қариб 10 моҳ диндорон наметавонистанд намози ҷаноза бихонанд.
Ахиран - ҳам вазири тандурустӣ ва ҳам раисиҷумҳур гуфтанд, ки дар Тоҷикистон вируси курона дигар нест Наздик ба як моҳ аст, ки мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус дигар сабти ном нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.