расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » БЛОГЕРИ ТОҶИК БАРОИ ДАРРОНДАНИ ПАСПОРТИ РУСИЯ УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир

БЛОГЕРИ ТОҶИК БАРОИ ДАРРОНДАНИ ПАСПОРТИ РУСИЯ УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Блогери 22-солаи зодаи Тоҷикистон Миҳрон Ҳакимов дар пайи дар шабакаи TikTok нашр кардани видеои даррондани паспорти Русия дар як видеои дигар аз мардуми Русия барои ин кораш узр пурсид. Видеои даррондани паспорт рӯзи 1 феврал дар саҳифаи ин блогер дар TikTok нашр шуд, вале ин сабт алакай пок карда шудааст.
Миҳрон Ҳакимов ҳангоми узрхоҳиаш гуфт, ин шиносномаи як дӯсти вай буд, ки муҳлаташ алакай тамом шуда буд ва дӯсташ аз вай хостааст, шиносномаро бидарронад, то ягон кас натавонад онро истифода барад. Ҷараёни даррондани ҳуҷҷатро онҳо ба навор гирифта, видеояшро дар маҳзари ом дар TikTok гузоштаанд
Ҳакимов дар видеои наваш гуфт: “Мехоҳам аз тамоми мардуми Русия барои хатоҳои содиршуда самимона узр бипурсам.”
Маълум нест, ки ӯ барои ин кораш боздошт шудааст ё на? Барои қасдан даррондан ё нобуд кардани шиносномаи Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи ҳамагӣ аз 100 то 300 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Вале Миҳрон Ҳакимовро барои беэҳтиромӣ ба рамзҳои Русия метавонанд аз он кишвар умрбод ихроҷ ҳам кунанд. Ҳатто агар ӯ алакай шаҳрвандии Русия ҳам дошта бошад.
Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар нимаи аввали соли 2021, маҷмӯан 44 ҳазору 196 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Ин 12,8 ҳазор ё қариб 30% бештар аз 31 ҳазору 351 нафарест, ки дар нимаи аввали соли 2020 шиносномаи хокистарранги тоҷикиро ба шиносномаи сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз карда буданд. Дар соли 2020 дар умум 63 ҳазору 389 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карда буд.
Бар асоси омори расмӣ, дар нимаи аввали соли 2021 ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 241 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Соли 2020  ҳар рӯз  ба ҳисоби миёна 173 тоҷик шаҳрванди Русия мешуд.
Соли 2018 ҳамин тавр, 35 700 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, 31 ҳазор тоҷикистонии дигар барои истиқомати доим дар Русия мондаанд. ВКД Русия чанде пеш хабар дод, ки дар 8 соли охир ҳудуди 200 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.
Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф беш аз 700 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.
Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.
Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.
Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.
Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.