расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод

Заминларзаи навбатиро зилзиласанҷони кишвари ҳамсоя дар шарқи ҷумҳурӣ воқеъ дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ сабт кардаанд

Дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии назорати пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза дар 40-километрии Хоруғ дар ҳудуди ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.
Заминларза соати 10:24 ба вақти Душанбе рух дода, шиддати он ба андозаи 4.1 балл будааст.
Маркази заминларза дар умқи 215 километр воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ иттилоъ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларзаҳои харобиовар ба вуқӯъ пайваст. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дод.
Дар ҷараёни ҳодисаи фавқулода беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.