расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Си Ҷинпин Раҳмонро ба Чин даъват кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент

Си Ҷинпин Раҳмонро ба Чин даъват кард

Раҳбари Чин дар табрикоти худ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бар аҳамияти равобит бо Душанбе ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кардааст

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Чин даъват кардааст.
Дар ин бора аз табрикоти ирсолӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Наврӯз маълум шуд.
"Аз иштироки шумо дар саммити якуми “Чин ва Осиёи Марказӣ” ва боздиди шумо аз Чин бо сафари давлатӣ дар моҳи майи соли равон истиқбол менамоям",- гуфтааст Си Ҷинпин.
Вай таъкид кард, ки интизор дорад, на танҳо равобити Пекину Душанбе, балки бо тамоми минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ кунад.
"Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд медиҳам", - таъкид кард раиси ҷумҳури Чин.
Ӯ аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар моҳи сентябри соли 2022 ёдовар шуд, ки дар он раҳбарони Чин ва Тоҷикистон тавонистаанд “як қатор тавофуқоти муҳим ба даст оранд, ки аз самти мушаххаси рушди минбаъда шаҳодат медоданд”.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Pimpeeda | Гости

    Just you are ready to invest in fun slots games to win easy money. with us at the website megagame Enjoy up to 1,000 games Easy jackpot game often issued, fast deposit-withdrawal, definitely smooth transactions, special promotions, welcome new members, receive up to 100% bonuses


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.