расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон хориҷ шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон хориҷ шуд


Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 
ки 7 сол дар симмати муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардаву моҳи июни имсол аз вазифа сабукдӯш гардида буд, аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд. Дар ин бора фармони Президенти Тоҷикистон 13 декабри соли 2022, таҳти № 481содир шуда, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон интишор ёфтааст.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати БМТ хориҷ ва ба ҷои ӯ ду нафар - Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзодаро, муовинони нави раиси БМТ ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк таъйин шудаанд.
Ҷамолиддин Нуралиев, ки 7 соли ахир, аз моҳи майи соли 2015 то июни 2022, ба ҳайси муовини раиси БМТ фаъолият дошт, моҳи июни соли равон бо имзои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ин мансаб барканор шуд.
Бояд гуфт, дар фармони ба имзо расонидаи раисиҷумҳур сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд, аммо бо гузашти 6 моҳ маълум нест, ки ӯ ба кадом кори дигар таъйин шудааст.
Ҷамолиддин Нуралиев домоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали вазири молияи кишвар низ фаъолият кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.