расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти хонандагоне, ки як талабаи мактабро латукӯб кардаанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Боздошти хонандагоне, ки як талабаи мактабро латукӯб кардаанд


Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе хабар дод, 
ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-и пойтахтро латукӯб кардаанд.
Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои  №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми маткби №5-ро латукӯби шадид кардаанд ва ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
“Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.
Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.
Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб буданд, нашр гардид. Он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва онҳо аз мақомоти дахлдор, махсусан милитсияи Душанбе дархост карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанд пеш волидайни чанд духтари ноболиғ аз шаҳри Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғ аз сӯи онҳо, боиси сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) муҷозот гардида буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.