расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ним миллиард доллар зиёд шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ним миллиард доллар зиёд шуд


Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар зарфи 11 моҳи соли 2022 ҳудуди 503 млн долларро ташкил дод, ки 26,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар сохтори савдо байни кишварҳо ҳудуди 167 млн доллар (33,2%) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва қариб 336 млн доллар (66,8%) ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом мефурӯшад: алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъданҳо, семент, пӯсти хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолинҳо ва ғайра.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.
Баъзе ВАО бо истинод ба идораи омори Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки “Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки саҳми зиёди содироти Ӯзбекистон ба онҳо рост меояд, дар ҷои шашум қарор дорад: дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ин кишвар ба маблағи беш аз 460 млн доллар маҳсулот ворид кардааст”.
Дар ҳамин ҳол, чунин фарқият ҳамеша ҷой дошт, чунки ба омори Ӯзбекистон оид ба содироту воридот дар баробари маҳсулот хидматрасониҳо ҳам дохил мешаванд, ки дар ҳисоби омории Тоҷикистон оид ба гардиши маҳсулот ба инобат гирифта намешаванд.
“Гардиши моли хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷудогона аз рӯи маҳсулот ва хидматрасониҳои байнулмилалӣ тартиб дода мешавад”, - шарҳ дода буданд қаблан ба “Азия-Плюс” дар Агентии омори Тоҷикистон.
Муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар кишвари ҳамсоя зиёда аз 7 баробар - аз каме бештар аз 70 млн доллар дар соли 2016 то зиёда аз 500 млн доллар дар соли ҳоло нопурраи 2022 зиёд шуд.Солҳои 90-ум Ӯзбекистон шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Соли 1995 савдои дуҷониба байни кишварҳо 250 млн долларро ташкил дода буд, ки ду баробар бештар аз муомилоти маҳсулоти умумӣ бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ буд. Ба гунаи мисол, он замон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия 136 млн долларро ташкил дода буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.