расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дабири кулли СААД дар бораи хатарҳо ба Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Чин

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Дабири кулли СААД дар бораи хатарҳо ба Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Чин


Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас бар ин назар аст, ки хатари ҳамлаи бевосита ба кишварҳои Созмон аз қаламрави Афғонистон ҷой надорад, аммо барои Тоҷикистон ин кишвар мисли пешин манбаи хатар мебошад.
“Айни замон хатари ҳамлаи бевосита аз Афғонистон ба мушоҳида намерасад, лекин таҳдидҳои пешина, аз қабили хатарҳои марбут ба терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ боқӣ мемонанд”, - иброз доштааст Станислав Зас зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти кори Созмон дар соли 2022. - Аз ин рӯ, албатта ба таҳкими сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон таваҷҷуҳи  хосса зоҳир хоҳем кард”.
Гуфтаҳои ӯро Sputnik Таджикистан овардааст.
Анҷоми корҳо рӯи лоиҳаи Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро Зас рӯзмарра хондааст.
Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи ба узвияти СААД пазируфтани аъзои нав баррасӣ намешавад.
“Ҳоло ин масъала баррасӣ намешавад. Ба он ба таври содда муносибат кардан ва аз пайи миқдор шудан ҳам лозим нест. Иқдомҳо барои тавсеаи созмон бояд самаранокии онро беҳтар ва амнияти умумиро баланд бардоранд. Мебояд на барои микдор, балки барои сифат кор кард”, - навиштааст РИА Новости.
Дабири кулли Созмон дар ҳамин нишаст инчунин хабар додааст, ки корҳо барои таҳкими ҳамкориҳо бо Чин идома доранд. Аммо дар бораи чӣ гуна будани ин ҳамкориҳо маълумот дода намешавад.
Ӯ танҳо зикр кардааст, ки “ҳам тариқи парлумон ва ҳам тавассути Вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои таҳкими ҳамкориҳои СААД ва Чин корҳои муайян анҷом дода мешаванд".
Ёдрас мекунем, ки айни замон 6 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба ҳайати СААД шомиланд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.