расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Садҳо ҳазор дар Аргентина пирӯзии тими миллиашонро дар Чемпионати ҷаҳон ҷашн мегиранд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҷаҳон

Садҳо ҳазор дар Аргентина пирӯзии тими миллиашонро дар Чемпионати ҷаҳон ҷашн мегиранд


Ҳукумати Аргентина рӯзи 20 декабрро ба ифтихори ҷашн гирифтани пирӯзии тими миллӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 истироҳати умумимиллӣ эълон кард. Дастаи миллиро дар Буэнос-Айрес бо сафороии чемпионӣ истиқбол мекунанд, хабар медиҳад Sport-express.ru.
Рӯзи якшанбе, 18 декабр мунтахаби Аргетина тими Фаронсаро дар бозии финалӣ мағлуб намуда (3:3, пеналти - 4:2), тайи 36 соли охир бори сеюм унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Қаблан тими Аргентина солҳои 1978 ва 1986 ба ин унвон соҳиб шуда буд.
Лионел Месси аввалин шуда Ҷоми ҷаҳонии футболро болои сар бардошт: то имрӯз яке аз далелҳои асосии мунаққидони футболбоз, ки бисёриҳо ӯро беҳтарин бозигари таърихи футбол меноманд, ин буд, ки мегуфтан ӯ унвони қаҳрамони ҷаҳонро надорад. Аммо ҳоло Мессии 35-сола соҳиби ин унвон аст ва худи ӯ ҳам мусобиқаро беҳамто гузаронид ва дар ҳама марҳилаҳои он, аз ҷумла ду маротиба дар финал ба задани гол ноил гардид.
Садҳо ҳазор нафар сокинони Арентина ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то ки пирӯзии тими миллиашонро, ки ҳанӯз аз замони бозии Марадона онро интизорӣ доштанд,  ҷашн гиранд. Таваҷҷуҳ кунед.
Сурат: Getty Images
 
Шоми рӯзи финал мухлисон ғалабаро ҷашн мегирандСурат: Getty Images
 
Сурат: LETA
 
Сурат: Getty Images
 
Сурат: LETA
 
Сурат: LETA
 
Росарио сеюмин шаҳри бузурги Аргентина ва зодгоҳи Лионел МессиСурат: LETA
 
Сурат: LETA
 
Мухлисон дар пасманзари баннери 18-метра дар шакли футболкаи Лионел Месси


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.