расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Барои 540 хонанда ва бо забони туркманӣ. Туркманистон дар Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Барои 540 хонанда ва бо забони туркманӣ. Туркманистон дар Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад


Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркманистон барои 540 хонанда мактаби нав бо забони туркманӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон моҳи декабри соли равон шурӯъ мешавад ва ду сол идома меёбад.
Аз сафорат гуфтанд, Сардор Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон, ахиран бо имзои як қарор иҷоза додааст, ки бо ширкати паймонкор барои сохтмони мактаб дар Тоҷикистон қарордод банданд.
“Дар қарор зикр шудааст, ки корҳои сохтмони ин мактаб дар моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, иншоот моҳи декабри соли 2024 бояд ба истифода супорида шавад”, - гуфт манбаъ.
Дар қарори раисиҷумҳури Туркманистон гуфта шудааст, ки ин тасмим дар асоси анъанаҳои бузурги инсондӯстии аҷдодони туркман, муносибатҳои дӯстона, бародарона ва неки ҳамсоягии Туркманистон ва Тоҷикистон қабул шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 мактаб бо забони туркманӣ фаъолият мекунад.
Тибқи иттилое, ки АМИТ "Ховар" нашр намудааст, дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркмантаборон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони маҷмааи биноҳо моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба имзо расида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.