расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қирғизистон то охири сол дар марз бо Тоҷикистон 150 хона месозад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Қирғизистон то охири сол дар марз бо Тоҷикистон 150 хона месозад

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар ҷаласаи порлумон гуфт, то охири имсол дар вилояти Бодканди ин кишвар, ҳаммарз бо Тоҷикистон 150 хона бунёд мешавад.
Масъалаи бунёди хонаҳо дар Бодкандро вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев дар ҷаласаи 8-уми декабр матраҳ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои бинокорӣ қисми зиёди маблағеро, ки барои сохтмони хонаҳои осебдида дар натиҷаи муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷудо шудааст, дарёфт накардаанд.
"Пештар гуфтанд, ки хонаҳои Бодканд дар моҳи декабр пурра бунёд мешаванд. Аммо боми аксари хонаҳо то ҳол сохта нашудааст. Бинокорон ҳатто 50 дарсади маблағро дарёфт накардаанд", - изҳор дошт вакили қирғиз.
Жапаров дар посух гуфт, барои бунёди хонаҳо дар Бодканд 1 миллиард сом ҷудо шудааст ва дар сурати зарурӣ боз ҷудо карда мешавад.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон рӯзҳои 14-17 сентябр шоҳиди низои навбатӣ шуд. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ҳамчунин 661 хона осеб дида, 423 тои он бояд аз нав бунёд карда шавад.
Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 82 тан хабар дод.
Душанбе ва Бишкек якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд ва дар ин замина ягон таҳқиқоти мустақил анҷом нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.