расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Далер Ҷумъа: Мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон бо пули миллӣ сурат мегирад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Далер Ҷумъа: Мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон бо пули миллӣ сурат мегирад


Далер Ҷумъа, 
вазири энергетика ва оби Тоҷикистон дар доираи нишасти “Комисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон” дар Теҳрон гуфтааст, мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар бо пули миллӣ ва минтақавӣ сурат мегирад. Дар ин бора хабаргузории IRNA хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ӯ баргузории нишасти Комисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро дар густариши равобити дуҷониба мусбат арзёбӣ кардааст.
“Рушди ҳамкориҳо дар сояи баргузории намоишгоҳҳои муштарак ва фаъолиятҳои иқтисодӣ имконпазир хоҳад шуд”, - гуфтааст вазири энергетика ва оби Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Теҳрон аз баргузории ин мулоқот изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 15-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон таҳти раёсати вазири энергетика ва оби Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми декабр дар Теҳрон баргузор гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.