расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Варзишгари тоҷик дар Чемпионати пауэрлифтинги Осиё соҳиби медали тилло шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Варзишгари тоҷик дар Чемпионати пауэрлифтинги Осиё соҳиби медали тилло шуд


Муҳаммадалӣ Мирзоев, варзишгари тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиё оид ба пауэрлифтинг (вазнбардории секарата) дар вазни 120 кг соҳиби медали тилло гардид ва бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузоштааст. Дар ин бора худи ӯ хабар додааст.
Дар ин мусобиқа, ки аз 1-ум то 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб баргузор шуд, ӯ дар байни варзишгарони 29 кишвари Осиё сазовори ҷойи аввал шудааст.
Худи Муҳаммадалӣ Мирзоев, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, шод аст, ки тавонист шарафи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардошт ва минбаъд низ кӯшиш мекунад, парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардошта, дар рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон саҳм гузорад.
Ӯ аз синни 6-солагӣ ба варзиш машғул аст ва ҳар сол ба мусобиқоти мухталиф ширкат мекунад.
Муҳаммадалӣ Мирзоев – дар риштаи пауэрлифтинг устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ, қаҳрамони мутлақи ҷумҳурӣ, аввалин қаҳрамони Осиё оид ба Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) дар Тоҷикистон байни наврасон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадалӣ Мирзоеви 23-сола чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон, ки рӯзҳои 21-29-уми майи соли равон дар шаҳри Алмато баргузор шуд, байни варзишгарони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар вазни 105 кг сазовори медали нуқра гардида буд.
Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) моҳи ноябри соли 1972 таъсис ёфта, як сол баъд, дар моҳи ноябри соли 1973 аввалин чемпионати ҷаҳон баргузор шуд.
Мусобиқаи вазнбардорӣ дар Тоҷикистон яке аз намудаҳои қариб фаромӯшшудаи варзиш ба шумор рафта, дар гузашта асосан дар чанд ноҳияи Тоҷикистон рушд намуда буд. Собиқадарони ин намуди варзиш мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба вазнбардорӣ солҳои охир коҳиш ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.