расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зафаробод: Мард зану фарзандашро ба қатл расонида, ҷасадҳоро оташ задааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Зафаробод: Мард зану фарзандашро ба қатл расонида, ҷасадҳоро оташ задааст


Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода, кӯдак шоҳиди кушта шудани модараш мешавад.
“Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад”, - гуфт ӯ.
Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ба мо ироа накард, танҳо гуфт, зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.
Айни замон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишоти он идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.