расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон ба Покистон 5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона фиристод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Тоҷикистон ба Покистон 5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона фиристод


Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба маблағи 19,2 млн сомонӣ 5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президент хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки ин кӯмакҳо аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки он бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, равон карда шуд.
Гуфта мешавад, ки сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ низ Тоҷикистон ба Покистон ба маблағи 12,2 миллион сомонӣ кумаки башардӯстона фиристода буд. Он замон бар асари селхезиҳо дар Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар захмӣ шуданд.
Инчунин, зиёда аз як миллион бинои истикоматй, роҳу пулҳо, дигар объектҳои таъиноти гуногун ва заминҳои кишт комилан хароб гардиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.