расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Истиқлол” бори 11-ум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

“Истиқлол” бори 11-ум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

“Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба медалҳои тиллои Чемпионати 31-уми футболи Тоҷикистон байи дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб шуд. Медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат насиби дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд шуданд.
Дар ин мавсим “Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, дар мавсими оянда “Истиқлол дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва дастаҳои “Равшан”-у Хуҷанд” дар Ҷоми КФО Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи “Б” ду даста аз вилояти Суғд - “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.
Ғолиби Лигаи якум “Ҳосилот”-и Фархор ва дорандаи медаҳои нуқра - “Кӯктош” ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар Лигаи олии футболи кишварро пайдо карданд.
Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов бо 16 тӯб дар мавсим нишондани беҳтарини Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 дониста шуд.
Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) рӯзи 24 ноябр ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.