расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чин дар шимоли Тоҷикистон 4 қитъаи шоҳроҳҳоро таъмиру таҷдид мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Чин дар шимоли Тоҷикистон 4 қитъаи шоҳроҳҳоро таъмиру таҷдид мекунад

Барои анҷоми ин корҳо дар масофаи 51,2 км 56,6 млн доллар маблағ равона мегардад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян рӯзи 25 ноябр Қарордодро оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд ба имзо расониданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, масофаи умумии қитъаҳо 51,2 километрро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, корҳо дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ иҷро шуда, бо ин мақсад 56,6 млн доллар ҷудо карда мешавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз Паймонкор даъват ба амал овард, ки корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳо бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд.
“Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа Паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб ва 90%-и коргарони лоиҳаро аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад”, - таъъкид доштааст Азим Иброҳим.
Зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ҳистеварз - дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.
China Railway Groupи Чин яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмони Чин ва яке аз бузургтарин дар ҷаҳон паймонкор дар соҳаи зерсохтори нақлиёт (ба сафи 40 ширкати бузургтарини кишвар ва 500 ширкати бузургтарини ҷаҳон шомил аст) мебошад.
Ширкати мазкур соли 2007 таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳояш ба ширкати давлатии холдингии China Railway Engineering Corporation тааллуқ дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.