расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина ва чанд кишвари дигарро ба ҳузур пазируфт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина ва чанд кишвари дигарро ба ҳузур пазируфт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз, 21-уми ноябр, аз сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина, Аргентина, Мексика ва як қатор кишварҳои дигар эътимоднома қабул карда, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон 
хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони Иттиҳоди Аврупо - Раймундас Кароблис, Латвия - Рейнис Трокша, Шветсия - Томас Данестад, Финляндия - Илка Райсанен ва Юнон - Екатерина Насикаро ба ҳузур пазируфт ва эътимодномаҳояшонро қабул кард.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия - Семён Григорев, Куба - Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика - Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина - Леополдо Франисико Саорес, Чад - Маҳамуд Адам Башир ва Гана - Эрик Овусу-Боатенг пазируфтааст.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо итминон иброз доштааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногусоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.