расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Барқияи изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент

Барқияи изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия


Имрӯз, 22-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия дар робита ба заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури ҶТ.
“Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - гуфта мешавад дар барқия.
Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадид, ки дирӯз, 21-уми ноябр, дар ҷазираи Яваи Индонезия рух дода буд, дасти кам 162 нафар ҳалок шуда, садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ВВС бо истинод ба Ридуан Камил, губернатори минтақавӣ хабар медиҳад.
Бар асоси гузоришҳои маркази Геологии ИМА қувваи заминларза 5,6 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза шаҳри Чианджур, қисмати ғарбии ҷазира дар чуқурии 10 км будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • ambbetwallet | Посетители

    ambbetwallet เกม slot ที่สามารถเข้าถึงได้ทันที แล้ว สามารถโอนเงินเข้าสู่ระบบเพื่อถอนออกง่ายมาก แค่รู้จักการใช้ true wallet แค่นั้นเลย

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.