расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Бо болға ба сараш зад”. Писар барои қатли падар 20 сол равонаи зиндон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

“Бо болға ба сараш зад”. Писар барои қатли падар 20 сол равонаи зиндон шуд


Як сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, барои қатли падараш бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон 
хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса баъди он сар зад, ки Аваз Бӯстонов баъди нӯшиндани машрубот бо писараш, аз ӯ дархост кард, ки ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад, ки дар пайи он  байни писар ва падар баҳс ва муноқиша ба миён омад.
“Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, аз рӯи ин ҳодиса Додситони ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ бо ҳукми суди вилояти Хатлон 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шуд.
Назари наздикони ин оила дар бораи ҳодиса ва ҳукми додгоҳ маълум нест. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.