расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бег Сабур истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил интихоб шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Бег Сабур истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил интихоб шуд


Имрӯз, 14-уми ноябр, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он Бег Сабур аз вазифаи президенти ин федератсия истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил Ҷумахон президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд. Дар бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре ин сомона менависад, Мирзоалӣ Комил, ки раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст, ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намудааст, ки дар оянда барои рушди бештари намуди бокс талош меварзад.
Ӯ ҳамчунин ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир дар самти бокс назаррас аст.
“Ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”, - гуфтааст Мирзоалӣ Комил.
Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок карда, роҳбарияти нави федератсияро табрик намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буда, аз соли 2015 ба ин сӯ роҳбарии Федератсияи бокси Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ӯ яке аз мансабдоронест, ки бо андешаву амалҳои ғайриоддии худ дар сархати матбуоти кишвар қарор мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.