расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ятимов ва Тошиев дар Душанбе хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Ятимов ва Тошиев дар Душанбе хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд


Дирӯз, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир –  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласаи навбатии оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”, - гуфт мешавда дар иттилоия.Ин ниҳшод гуфт, ки Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.
Дар бораи ҷузъияёти нишаст хабар дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад.
Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он, аз ҷониби Тоҷикистон 41 тан ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.