расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон мехоҳад дар "рейтинг"-ҳои ҷаҳонӣ мавқеашро боло барад. Онҳо кадом "рейтингҳо" ҳастанд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Тоҷикистон мехоҳад дар "рейтинг"-ҳои ҷаҳонӣ мавқеашро боло барад. Онҳо кадом "рейтингҳо" ҳастанд?


Ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳо (рейтингҳо)-и байналмилалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ ҶТ.
Чорабинӣ таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гардид.
“Дар ҷаласа мақсад ва вазифаҳои Комиссия, ҳайати он, гузориш оид ба раддабандиҳои байналмилалӣ ва Нақшаи кори Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ гардиданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Комиссия қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ин чӣ Комиссия аст?

Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон таъсис дода шуд. Муқаррароти Комиссия, инчунин ҳайати он, рӯйхати вазорату идораҳои масъул дар ин самт тасдиқ карда шуд.
Ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шуд, ки дар мавриди беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байнулмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар нимсола дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ба ҳайати Комиссия 58 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти судӣ ва қудратӣ, баъзе муассисаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, ташкилоту корхонаҳо, инчунин як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомиланд.
Ба Комиссия муовини якуми сарвазир роҳбарӣ намуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муовини ӯ мебошад.

Кадом радабандиҳо дар назар аст?

Бо қарори ҳукумат, рӯйхати 26 радабандиҳои байнулмилалии зерин тасдиқ шудааст, ки аъзои Комиссия баҳри беҳтар кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд:
- Шохис (Индекс)-и озодиҳои иқтисодии Маркази таҳқиқотии «Heritage Foundation»;
- Шохиси рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ;
- Таснифи хавфҳои кишварии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд;
- Шохиси волияти ҳуқуқи Созмони ҷамъиятии «World Justice Project»;
- Шохиси дарки коррупсияи Ташкилоти ғайриҳукуматии «Transparency International»;
- Барномаи рушди инсонии СММ;
- Шохиси демократияи кишварҳои ҷаҳон;
- Шохиси озодии матбуоти Созмони ғайриҳукуматии “Хабарнигорони бидуни марз”;
- Шохиси самаранокии логистикаи Бонки ҷаҳонӣ;
- Радабандии рушди ҳукумати электронии СММ;
- Шохиси имконоти омории Бонки ҷаҳонӣ;
- Шохиси рақобатпазирии саноатии СММ оид ба рушди саноатӣ;
- Шохиси глобалии инноватсионии Донишгоҳи Корнелли ИМА, Донишкадаи INSEAD ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ;
- Шохиси Ҳадафҳои рушди устувори Донишгоҳи Кембриҷ;
- Индикаторҳои сифати раёсати Бонки ҷаҳонӣ;
- Радабандиҳои мустақили кишвар, ки аз ҷониби агентиҳои байнулмилалии радабандии «Standard & Poor’s» ва «Moody’s» дода шудааст;
- Шохиси шаффофияти буҷети Барномаи таҳқиқот ва таблиғи ҳамкории байнулмилалии буҷетӣ;
- Шохиси хавфи тассаллути сомонаи «TheGlobalEconomy.com»;
- Шохиси эътимоднокии сармоягузориҳои хориҷии ташкилоти консалтингии «The A.T. Kearney»;
- Шохиси рақобатпазирии сайёҳии Форуми ҷаҳонии сайёҳӣ;
- Шохиси рушди технологияҳои иттилоотии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ;
- Шохиси иқтисоди дониши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд;
- Шохиси дониши глобалии БРСММ ва Фонди Муҳаммад ибни Рашид ал-Мақтум;
- Шохиси шукуфоии кишварҳои Маркази таҳқиқотии «Legatum Institute»;
- Радабандии брендҳо (тамғаҳо)-и миллии Ташкилоти консалтингии «Brand Finance»;
- Радабандии хавфҳои кишварии Ширкати байнулмилалии суғуртаи «Euler Hermes».
Ба сурати умум, биисёр радабандиҳои дигари байнулмилалӣ оид ба ин ё он соҳа ва самтҳо мавҷуданд.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки касби мақоми баланд дар радабандӣ натанҳо боиси ифтихор, балки аз лиҳози иқтисодӣ низ судманд аст: рӯҳия ва муносибати сармоягузорон ва шарикони савдо метавонад мустақиман ба мавқеи кишвар дар онҳо вобаста бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • ดาวน์โหลด joker123 | Гости

    <a href="https://pg-slot.game/%e0%b8%a3%e0%b8%a7%e0%b8%a1%e0%b8%9a%e0%b8%97%e0%b8
    %84%e0%b8%a7%e0%b8%b2%e0%b8%a1/%e0%b8%94%e0%b8%b2%e0%b8%a7%e0%b8%99%e0%b9%8c%e0
    %b9%82%e0%b8%ab%e0%b8%a5%e0%b8%94-joker123/">ดาวน์โหลด joker123</a> เกมสล็อตออนไลน์ที่กำลังเดินทางมาแรง Pg ด้วยต้นแบบเกมที่นำสมัยเล่นง่ายสล็อตโจ๊กเกอร์ เปิดให้บริการเกมสล็อตเยอะมาก เครดิตฟรี สล็อต เว็บไซต์ตรง โบนัส 100%  

    ทาง เข้า pg slot auto หรือ pg-slot.game เกมพีจีสล็อต pg สล็อตออนไลน์ 3 มิติ (pg slot auto) จากค่าย pg slot และ บาคาร่าออนไลน์ ที่มาในรูปแบบใหม่เป็นเกมส์ยอดนิยม

    สล็อต เครดิต ฟรี เป็นเครดิตเงินในเกมสล็อตออนไลน์ได้เสริมเติมเครดิตเงินสำหรับ เพื่อการเล่นสล็อตฟรีให้ผู้เล่นโดยที่ผู้เล่นนั้นไม่ต้องเสียเงินจ่ายซึ่งสามารถเล่
    นเครดิตฟรีเกมพีจีสล็อตได้

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.