расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бонки ҷаҳонӣ вариантҳои маблағгузории Роғунро барои ҳукумати Тоҷикистон омода мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Бонки ҷаҳонӣ вариантҳои маблағгузории Роғунро барои ҳукумати Тоҷикистон омода мекунад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас масоили марбут ба минбаъд амалисозии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро баррасӣ карданд.
Гуфтушунид рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 9 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср дар ҳошияи Иҷлоси Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим сурат гирифт.
“Президент Малпас зикр кард, ки айни замон Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) барои баланд бардоштани устувории Лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” лоиҳаи кумаки техникӣ таҳия мекунад”, - хабар медиҳад намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе.Дар хабар зикр мегардад, ки кумаки зикршуда ба “беҳбуди шароитҳои макромолиявӣ ва такмили фаъолият дар доираи ин лоиҳа” равона мегардад.
Худи ҳамин рӯз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ Гузориш дар бораи хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистонро нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, ин ниҳод барои ҳукумати Тоҷикистон вариантҳои имконпазири маблағгузории сохтмони НБО “Роғуна”-ро таҳия мекунад.
Дар гузориш коҳиши маблағгузорӣ аз буҷет ба лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”тавсия мешавад, зеро ин, ба ақидаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, хавфи буҳрони қарзиро зиёд мекунад.
“Механизми маблағгузории “Роғун” нисбат ба дурнамоҳои минбаъдаи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон омили ҳалкунанда дорад”, - илова кардаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.Қобили зикр аст, ки корҳои идомаи сохтмони НБО “Роғун” танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, аз гуфтушунидҳо дар мавриди кумаки молиявӣ аз ҷониби мададрасонҳои байнулмилалӣ алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.
Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки моҳи декабри соли гузашта имкони маблағгузорӣ ба ин лоиҳаро ҳукумати кишвар бо шарикони рушд баррасӣ намуда, ба ҳамоҳангсозии ин корҳо бо дархости ҳукумати кишвар Бонки ҷаҳонӣ машғул аст.
Тибқи ҳисобу китобҳо ахир, барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳадди аққал 5 млрд доллар маблағ зарур аст. Анҷоми корҳои сохтмон соли 2033 дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи НБО “Роғун”, ки ба доир намудани он собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов исрор меварзид, кумак кард.
Ин ниҳоди молиявӣ кори чорсолаи ширкатҳои байнулмилалии машваратиро, ки Арзёбии техникӣ-иқтисодӣ ва Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро баргузор намуданд, маблағгузорӣ кард.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

НБО “Роғун” бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад, ки иқтидори муқарарраршудааш 3600 МВт-ро ташкил хоҳад дод.
Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 75% аз ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар баробар аст.
Айни замон ду гидроагрегати НБО “Роғун” бо иқтидори нопурра кор мекунанд. Дар толори мошинҳои неругоҳ ба сурати умум, насби 6 агрегат бо итидори 600 МВт ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.