расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бори аввал кӯдакони тоҷик зидди пневмоккок ваксина мегиранд. Волидон бояд чиро донанд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

Бори аввал кӯдакони тоҷик зидди пневмоккок ваксина мегиранд. Волидон бояд чиро донанд?


Аз 1-уми ноябр дар Тоҷикистон бори нахуст воякӯбии кӯдакони то 2-сола бар зидди сирояти пневмококк (ВПК) оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии ин воякӯбӣ коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол мебошад. Тибқи Ҷадвали миллии эмкунӣ маъракаи моякӯбӣ се давраро фаро гирифта, кӯдакон барои пурра ҳосил намудани иммунитети устувор зидди сирояти бемории пневмококк бояд дар синни 2, 4 ва 12  моҳагӣ воякӯбӣ шаванд.
Чаро Вазорати тандурустӣ маҳз имсол воякӯбӣ бар зидди пневмококкро муқаррар намуд? Оё ин кор бехатар аст ва чаро кӯдакон аз 2 моҳагӣ бояд воякӯбӣ шавад? Ва аз ҳама муҳим, модарон дар хусуси ин воякӯбӣ чиро бояд донанд?
Ба ин ва дигар саволҳои “Азия-Плюс” Тӯрашоҳ Саймуддинов, муовини директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” оид ба корҳои ташкилӣ ва методӣ посух дод.
- Чаро Вазорати тандурустӣ маҳз имсол тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкро ба Тақвими миллии эмгузаронӣ ворид кунад? Оё кӯдакони бемор зиёд шудаанд?
- Бо мақсади иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025” ҷиҳати ворид намудани ваксинаи пневмакокк ба Тақвими милии иммунизатсия дар Тоҷикистон, вазорат тасмим гирифт, ки ваксинаи зидди сирояти пневмококкро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.
Вазорат бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои воридкунии ваксинаи пневмококк дархост омода намуда, ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммнуизатсия (АГВИ) супорид ва он дастгирӣ ёфт. Ҳамин тавр, вазорат соли 2020 ваксинаи пневмококкро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намуд ва тасмим гирифт, ки  истифодабариашро аз 1-уми ноябри соли 2022 оғоз намояд.
Сабаби маҳз соли равон ворид кардани воя, пеш аз ҳама пешгирии беморӣ ва таъмини солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, маъракаи мазкур, ҷиҳати бартараф намудани бори гарони бемориҳои пневмакоккӣ ба системаи нигаҳдории тандурустӣ ва зарари иқтисодӣ ҳам ба оила ва ҳам ба давлат аст.
Ворид гардидани ваксина, маънои онро надорад, ки беморӣ зиёд шудааст.
- Кӯдакон дар тамоми ҷумҳурӣ воякӯбӣ мешаванд ва ё танҳо дар минтақаи алоҳида?
- Воякӯбӣ зидди сирояти пневмакокк эмкунии якдаврагӣ нест ва он ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид гардида, ба таври доимӣ, мувофиқи мӯҳлати муайяншуда, байни тамоми кӯдакони синнашон 2, 4 ва 12-моҳа дар тамоми минтақаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.Ин чӣ гуна воя аст, истеҳсолкунандаи он кист ва кадом кишварҳо аз он аллакайистифода мебаранд?
- Синфлорикс – ваксинаи 10 - валентаи (ВПК) зидди сирояти пневмакокк буда, истеҳсолкунандааш ширкати Glaxo SmithKline Biologicals – и Шоҳигарии Белгия мебошад.
Тибқи маълумотҳои омории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, то имрӯз 161 кишвари ҷаҳон ин ваксинаро истифода мебаранд ва Тоҷикистон 162-юмин кишвар мебошад.Вояи мазкур то чӣ андоза бехатар ва самаранок аст?
- Вояи интихобшуда кӯдаконро аз 10 намуд серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококк муҳофизат мекунад. Бехатарӣ ва самаранокии ваксина аз ҷониби Кумитаи глобалии Созмони Умуммиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба бехатарии ваксинаҳо тасдиқ шудааст ва он дорои сертификати сифатнокии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад.
Воя чӣ гуна ба ҷисми кӯдак ворид карда мешавад?
- Воя тариқи сӯзандору дохили мушаки рони пойи кӯдак ворид карда мешавад.
- Сабаби асосии интихоби кӯдакони 2, 4 ва 12-моҳа барои воякӯбӣ аст?
- Пневмококк яке аз бемориҳое мебошад, ки кӯдакон қишри аз ҳама осебпазир муқобили он мебошанд. Тибқи омори СУТ ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5-сола аз ин беморӣ мефавтанд.
Махсусан, кӯдакони синнашон то 2- сола ҳамчун гурӯҳи аслии осебпазир дар муқобили бемории пневмакокк мебошанд.- Оё кӯдакони синну соли дигар наметавонанд ин ваксинаро гиранд? Магар онҳо ба гуруҳи осебпазирҳо шомил намешаванд?
- Вазорат тасмим гирифтааст, ки дар оянда Рӯзҳои иммунизатсияи иловагиро бар зидди сирояти пневмакоккӣ дар байни кӯдакони сину соли аз 2 моҳа то 5 сола гузаронад.
- Оё имкон дорад, ки фарзанди ман аз синну соли муқарраршуда калон бошад ва бо хоҳиши ман ба ӯ воя ворид карда шавад? Агар ҳа, дар куҷо ва он чӣ қадар арзиш дорад?
- Дар оянда чунин имкон фароҳам хоҳад шуд, аммо ҳоло ин имкон вуҷуд надорад, чун дар ин навбат танҳо кӯдакони синну соли 2, 4 ва 12-моҳа фаро гирифта мешаванд.
Ба волидон тавсия медиҳам, ки барои маълумоти бештар ба беморхонаҳои ҷойи зист муроҷиат намоянд. Он ҷо мутахассисон оид ба беморӣ ва гирифтани ваксина маълумоти муфассал медиҳанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тамоми намуди ваксинаҳо имрӯз дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ройгон гузаронида мешавад.
- Ҳанӯз нигарониҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ин моякӯбӣ барои кӯдакони навзод бехатар нест? Оё кафолате ҳаст, ки он бехатар аст?
- Ҳар як кӯдаке, ки таваллуд мешавад, тибқи Тақвими миллӣ баъд аз 24 соат вояи якуми ваксинаҳоро қабул мекунад (ОПВ – 0 – ваксинаи зидди бемории фалаҷ ва Гепатит -В ваксинаи зидди бемории гепатити – В). Тамоми ваксинаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд бехатар буда, дорои сертификати сифатнокии СУТ мебошад.
Агар ваксина ба кӯдак гузаронида нашавад чӣ паёмад дошта метавонад?
- Сирояти пневмококк бисёр хатарҳо дорад, он метавонад як қатор бемориҳоро ба вуҷуд орад, ки баъзеи онҳо шадиданд. Барои эмин нигоҳ доштани фарзандони худ бояд кӯдаконро эм гузаронанд, то саломатии онҳоро зери хатар нагузоранд.
Дар сурати эм накардан, сирояти пневмококк метавонад боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ - менингит, сепсис, пневмония ва бемориҳои сабуктар - отити гӯши миёна, синусит ва бронхит гардад.- Пневмококк ба организм бокадом роҳ ворид мешавад ва беморӣ чӣ тавр мегузарад?
- Ин бактерия тавассути қатраҳои ҳавоӣ аз одами бемор ба солим мегузарад, аммо баъзан беморӣ на ҳамеша инкишоф меёбад. Одам бе ягон зуҳуроти клиникӣ метавонад «интиқолдиҳанда» - и пневмококк бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.