расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи роҳҳое, ки бар асари барфрезии шадиду фаромадани сел ва сангреза муваққатан баста шуда буданд, айни замон бозанд. Ин ба роҳи Душанбе - Хоруғ ва Душанбе Хуҷанд низ дахл дорад, ки дар онҳо оқибатҳои офати табиӣ саривақт бартараф карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки ҳаракат дар роҳҳо ҳоло ҳам хатарнок буда, аз эҳтиёт мебояд кор гирифт.
Кумита бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Кумита аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ карда, ҳамаи қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.