расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гуфтушуниди президенти Тоҷикистон бо дабири кулли СММ ва президенти Бонки ҷаҳонӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Гуфтушуниди президенти Тоҷикистон бо дабири кулли СММ ва президенти Бонки ҷаҳонӣ


Дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср рӯзи 8 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш мулоқот кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуд.
Таъкид гардид, ки имсол аз узвияти Тоҷикистон дар СММ 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд.  Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ баррасӣ гардид.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли норасоии оби ошомиданӣ, тағйёрёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар талошҳои арзишманди кишвари мо, табодули андеша карданд.
Таъкид шуд, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон як ҳазор пирях пурра об шудааст. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 250 млн доллар зарари моливу моддӣ расонида, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ ҳам гаштааст.
Антонио Гутерриш нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид намуд.
Ҳамин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас дидору гуфтушунид кард.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи шарикии миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва нақши муассири ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан кӯмакҳо ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус ва рафъи пайомадҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории рушди инфрасохтор, аз байн бурдани маҳдудиятҳои содиротиву воридотӣ ва транзити молу маҳсулот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дидору гуфтушунид кард.
Зимни суҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.