расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Футзал. Дар бозии дуюм мунтахаби Тоҷикистон аз Русия шикаст хӯрд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Футзал. Дар бозии дуюм мунтахаби Тоҷикистон аз Русия шикаст хӯрд

Дар бозии аввал футболбозони тоҷик бо ҳисоби 10:7 ғалаба карда буданд.

Дастаи мунтахаби футболи хурд ё футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона, ки 8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз тими мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд.
Вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе доир гардида, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 5:1 ва натиҷаи ниҳоӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи русиягиҳо анҷом ёфт.
Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали дӯстона, ки як рӯз пеш, 7 ноябр баргузор шуд, футзалистони тоҷик бар тими Русия бо ҳисоби 10:7 дастболо шуданд.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русияро довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Ӯзбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар ду бозӣ садҳо нафар тамошобинон ҳузур доштанд. Дар ҷойҳои нишаст натанҳо мухлисони тими Тоҷикистон, балки Русияро низ бо парчамҳои кишварашон дидан мумкин буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.