расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нархи 1 дона тухм дар Тоҷикистон ба 2 сомонӣ расид. Сабаб чист?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Нархи 1 дона тухм дар Тоҷикистон ба 2 сомонӣ расид. Сабаб чист?


Нархи тухми мурғ дар Душанбе ба таври назаррас боло рафт. Арзиши як дона тухм имрӯз на камтар аз 1,40 сомонӣ буда, тухми мурғи “Порсиён” дар супермаркетҳо бо нархи 1,75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар минтақаҳо нархи 1 дона тухм то 2 сомонӣ расидааст.
Дар аввали сол нархи 1 дона тухм дар пойтахт ба ҳисоби миёна 85 дирам ва дар минтақаҳо - то 1 сомониро ташкил медод.
Бархе аз фурӯшандагон болоравии нархро ба содироти он марбут медонанд. Бино ба маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, танҳо дар зарфи 4 моҳи соли 2022 аз Тоҷикистон ҳудуди 18 млн дона тухм ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти чорводорӣ зиёда аз 1,8 млн долларро ташкил додааст.
Яке аз сабабҳои болоравии нархи тухми мурғро истеҳсолкунандагон гароншавии комбикорм (хӯроки омехта) барои парандагон маънидод мекунанд, ки нархи тухм бевосита ба он вобаста аст.
Комбикорм барои парандагон ва таркибҳои он, аз ҷумла гандуму ҷуворимакка, лӯбиё ва офтобпараст асосан аз хориҷи кишвар - Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва баъзе кишварҳои аврупоӣ оварда мешаванд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби болоравии нархро ба таъсири манфии омилҳои беруна нисбат медиҳад. Коршиносон қисман бо ин ақида розӣ буда, лекин ба сабабҳои дохилӣ ҳам ишора карданд.
Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар медиҳад, ки нархи содиротии гандум ва ҷуворимакка, ки асоси хӯроки парандагонро ташкил медиҳад, дар саросари ҷаҳон боло рафта, нархи тухми мурғ дар ҳамаи кишварҳо зиёд шуд.
Дар Ӯзбекистон ба воридоти хӯроки паранда ва иловаҳои он, дорувории байторӣ андоз аз арзиши иловашуда ҷорӣ карданд. Гандум, орди лӯбиё ва ҷуворимакка 10-15 фоиз қимат шуд. Коршиносони ӯзбек болоравии мизони таваррум ва афзоиши талабот ба тухмро низ зикр карданд.
Дар Тоҷикистон ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо додани имтиёзҳои муайян ва маҳдуд кардани воридоти тухм аз кишварҳои дигар такя карданд.
Дар натиҷа соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 800 млн дона ва дар 6 моҳи соли 2022 - 576,1 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуд, ки 24,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тибқи пешгӯиҳо, то охири сол истеҳсоли тухми мурғ бояд то 1 млн дона расонида шавад. Бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли тухм, барои пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ он кифоя нест.
Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли тухм дар як сол, ба Тоҷикистон 1,6 млрд дона тухм лозим аст.Ҳудуди 80%-и арзиши аслии тухмро хариди хӯрок ташкил медиҳад. Шумори фабрикаҳои парандапарварӣ дар Тоҷикистон афзуда, лекин корхонаи истеҳсоли хӯрок барои парандагон қариб нест.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 9 моҳи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 млн доллар наздики 110 ҳазор тонна комбикорм харидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.