расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин гуфт, муноқиша миёни Боку ва Ереван бояд поён ёбад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Путин гуфт, муноқиша миёни Боку ва Ереван бояд поён ёбад

Дар дидори сеҷониба дар Сочи сарони Арманистон ва Озарбойҷон имкон дорад, ба созише дастёбанд, ки сулҳи давомдор дар манотқи баҳсии кишварҳоро таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муноқишаи миёна Арманистону Озарбойҷон, ки чандин даҳа идома дорад, бояд хотима дода шавад.
Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон изҳор дошт
"Ман медонам, ки шумо барои ин иродаи сиёсӣ доред. Мо аз ҳар ҷиҳат онро дастгирӣ мекунем", - гуфт раҳбари Русия.
Сарвазири Арманистон, ки барои нишасти сеҷониба бо Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Сочи қарор дорад, таъйид кард, ки равишҳои пешниҳодкардаи тарҳи оташбаси Русия барои Ереван қобили қабул аст.
Президенти Русия гуфт, ки мақсади ҷаласа арзёбии раванди иҷроӣ тавофуқҳои сеҷонибаи қаблан ҳосилшуда миёни раҳбарони Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аст.
"Вохӯрӣ, ба назари ман, аҳамияти бузург дорад. Ҳадаф аз ин мулоқот, тавре мебинам, таъмини иҷрои ҳама тавофуқҳои мо, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ҳосил шуда буд, аст", - гуфт Путин дар мулоқот бо Алиев.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи душанбе дар Сочӣ як нишасти сеҷониба баргузор карда, дар он ҳалли масъалаи Қарабоғро баррасӣ мекунанд.
Дар ин нишаст ҳамчунин метавонанд ба тасвиби санаде дастёб шаванд, ки асоси паймони сулҳи ояндаро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.