расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гейтс ҳамкорӣ бо толибҳоро оғоз кардаст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Гейтс ҳамкорӣ бо толибҳоро оғоз кардаст

Бунёди хайрияи Билл ва Мелинда Гейтс ба ҳамкорӣ бо толибҳо дар Афғонистон шурӯъ кардаст, хабар дод "The Telegraph".

Ба гуфтаи сармоядори калони амрикоӣ, муассиси "Microsoft", ӯ ба ҳукумати муваққати Афғонистон дар мубориза бо фалаҷи атфол кумак мекунад.

Гейтс изҳор доштаст, ки шарикони бунёди ӯ дар Қатар бо толибҳо мулоқот карданд ва дар он ҷо барои ҳамкорӣ мувофиқат намудаанд. Дар сӯҳбат бо нашрия миллиардер қайд кард, ки ӯ намедонад, ин мавзӯъ махфӣ аст ё не.

Миллиардери амрикоӣ ҳамчунин ба ин суол, ки оё худи ӯ барои мулоқот бо ҷангҷӯёни толибҳо омода аст, посухи мустақим надодааст.

"Ман барои кумак ба маъракаи аз байн бурдани фалаҷи атфол ба бисёр кор қодирам. Ин авлавияти кори бунёд аст", - афзуд Гейтс.

Вай ҳамчунин эълом кард, ки барои мубориза бо фалаҷи атфол дар саросари ҷаҳон 1,2 млрд доллари изофӣ ихтисос хоҳад дод.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2007 инҷониб Бунёди Гейтс ба ин ҳадафҳо 5 млрд доллар хайрия кардааст.

Вазъи соҳаи тандурустии Афғонистон бинобар нарасидани доруҳои зарурӣ ва нарасидани мутахассисон муташанниҷ боқӣ мемонад.

Эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол яке аз мушкилоти аслӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳоло дар Афғонистон беш аз 3 млн кӯдак ба моякӯбии зидди ин беморӣ дастрасӣ надоранд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.