расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав

Бояд тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон баргузор шаванд, аммо то кунун ин чорабиниҳо ба муҳлати дертар гузошта шудаанд.

Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов хабар дод.

"Мо танҳо онҳоро ба мӯҳлати дертар мавқуф гузоштем. Тайёрӣ ба онҳо 99% анҷом ёфт", - гуфт ӯ.

Имонқулов афзуд, мавқуф гузоштани тамринҳо маънои онро надорад, ки ҷумҳурӣ дар равобит бо СПАД мушкиле дорад. Ин созмон "бар зидди таҳдидҳои террористӣ кафолат медиҳад".

"Узвият дар ин созмон ба нафъи амнияти миллии Қирғизистон аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз нерӯҳо моро ба муқобили аъзои СПАД тела доданӣ мешаванд. Муваффақ намешаванд. Мо ҳеҷ ихтилофе надорем", - таъкид кард ӯ.

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон афзуд, раҳбарияти СПАД аз тасмими ба таъхир андохтани тамринҳои моҳи октябр дар Иссиқкӯл бо дарк бархӯрд кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати дифои Қирғизистон тамринҳои низомиеро, ки мебоист дар ин кишвар дар тамрингоҳи “Эделвейс” баргузор мешуд, лағв карда, сабабашро шарҳ надода буд.

Баъдан Эдил Байсалов, муовини нахуствазир гуфт, ки ин ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бастагӣ дорад.

Ба гуфтаи ин масъул, афкори умум аз ин тамрин, ки дар баробари тоҷикон низомиёни Қирғизистон низ бояд дар он ширкат кунанд, истиқбол намекард.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.