расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин гуфт, ҷаҳон бисёрқутбӣ мешавад, ки дар он Осиё нақши калидӣ бозида истодааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Путин гуфт, ҷаҳон бисёрқутбӣ мешавад, ки дар он Осиё нақши калидӣ бозида истодааст

Дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти ҷиддие ба вуқуъ мепайвандад, ки ҷаҳон дар ҳоли бисёрқутбӣ шудан буда, Осиё нақши калидӣ бозида истодааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин.

Ба гуфтаи ӯ, нишасти имрӯзаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (МҲТБО) дар Остона дар пасманзари тағйироти ҷиддӣ дар сиёсат ва иқтисод ҷараён дорад.

"Ҷаҳон воқеан чандқутбӣ шуда истодааст. Осиё бошад, дар ин ҷо нақши хеле назаррас ва муҳим, агар калидӣ ҳам набошад, мебозад, ки марказҳои нави қудрат қавитар мешаванд", - гуфт ӯ.

Путин қайд кард, ки кишварҳои минтақаи Осиё локомотиви рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мебошанд, иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар ин ҷо ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва даромади хуб доранд.

"Дар ҳамаи ин равандҳо Русия низ фаъолона иштирок мекунад. Мо ҷонибдори рушду шукуфоии Осиё ва фароҳам овардани фазои васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, тавсеа ва амиқсозии робитаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ҳастем", - гуфт президенти Русия.

Вай ёдовар шуд, ки маҳз Русия дар ибтидои таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ дар ин нишаст қарор дошт, ки тавассути он тайи солҳои охир дар тамоми доираи мавзӯъҳои иқтисодӣ конфронсу семинарҳои бомуваффақият баргузор гардиданд.

Илова бар ин, Путин ёдовар шуд, ки Русия ҳама корро мекунад, то системаи амнияти баробар ва тақсимнашаванда ташаккул ёбад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.