расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маҳдудияти парвоз ба 11 фурудгоҳи Русия тамдид шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Маҳдудияти парвоз ба 11 фурудгоҳи Русия тамдид шуд


Маҳдудиятҳо дар қабулу гусели ҳавопаймоҳои мулкӣ дар фурудгоҳҳои қисмати ҷанубу маркази Русия беш аз 7 моҳ аст, ки роҳандозӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Парвози ҳавопаймҳо ба фурудгоҳҳои ҷанубу маркази Русия, ки дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардид, то 16 октябр тамдид ёфт.
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 16 октябр амал мекунад", - омадааст дар иттилоияи "Росавиатсия".
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, ҳамоно Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста қарор доранд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали соли равон амал мекунад.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.