расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷамъоварии беш аз 10 ҳазор гадо тавассути толибон аз кӯчаҳои шаҳри Кобул

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Ҷамъоварии беш аз 10 ҳазор гадо тавассути толибон аз кӯчаҳои шаҳри Кобул

Дафтари муовинияти иқтисодии раёсатулвузарои ҳукумати толибон мегӯяд, ки Кумитаи ҷамъоварии гадоҳо аз сатҳи шаҳри Кобул то кунун 10 ҳазор ва 808 гадоро ҷамъ оварӣ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар миёни гадоҳои ҷамъоваришуда 7 ҳазору 377 тан занон ҳастанд, ки 2 ҳазору 571 тани мустаҳаққ ва 4 ҳазору 806 тани онҳо ҳирфавӣ ҳастанд.

Илова бар он миёни гадоён 926 танаш мардон ҳастанд, ки 320 тани мустаҳаққ ва 606 тани онҳо ҳирфавӣ гуфта шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд ки дар ин шумори гадоҳо 2 ҳазору 505 тан кӯдакон ҳастанд, ки 1 ҳазору 320 тани мустаҳаққ ва 1 ҳазору 135 тани онҳо ҳирфавӣ ва 50 тан низ бе сарпараст шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузориши ахири худ ҳушдор додааст, ки Афғонистон пас аз як соли вайронгарӣ дар хатари қаҳтӣ қарор дорад.

Ба гуфта ин ниҳод, миллионҳо хониводаҳо тақрибан ҳеҷ роҳӣ барои каноромадан бо зимистони сахти пеш рӯ надоранд.

Барномаи ҷаҳонии ғизо таъкид мекунад, ки барои кумак ба мардуми Афғонистон дар остона фарорсидани зимистон ба 1,1 миллиард доллар ниёз дорад .

Қаблан ҳам муовини дабири кулли СММ гуфта буд, ки фақр дар Афғонистон дар ҳоли амиқтар шудан аст ва ҷаҳон бояд бархе кумакҳои инкишофиро дар ин кишвар аз сар бигиранд.

Ба гуфтаи Мартин Грифитс, муовини дабири кули СММ дар умури ҳамоҳангии кумакҳои башарӣ, фақр дар Афғонистон амиқтар мешавад, ҷамъияти дарҳолӣ афзоиш меёбад ва толибони буҷет барои оянда худ надоранд.

Муовини дабири кули СММ бори дигар таъкид кард, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд.

Сарчашма:​Sputnik​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.