расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Турсунзода: Ҷиянро барои куштори тағо 9 сол ҳабс карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Турсунзода: Ҷиянро барои куштори тағо 9 сол ҳабс карданд


Дилбар Сайфутдиноваро барои қатли тағояш равонаи зиндон карданд. Номбурда бо мақсади соҳиб шудани хонаи тағояш нақшаи ба қатл расонидани Ҷаҳонгир Сайфутдиновро кашида, соати 1и 11 июни соли ҷорӣ ба хонаи ӯ меравад. 

Дилбар дар ҳолати сахти мастии қарор доштани тағояш, ки медонист ки ба ӯ муқобилият нишон дода наметавонад, бо дасти росташ зарбаи сахт ба рӯяш задааст. 

Номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархурда беҳуш мешавад. Дилбар барои анҷом додани қасди худ пойи росташро ба гулӯяш гузошта буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

 Бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасадро дар қолини дар ҳуҷра буда печонида, онро ба автомашинаи кирокардааш бор карда, ба манзили иҷораашон равон мекунад ва мегӯяд, ки тағояш бар асари истеъмоли зиёди машрубот ба ҳалокат расидааст. 

Суди шаҳри Турсунзода, тибқи моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Сайфутдитнова ба муҳлати 9 сол озодӣ маҳрум карда шуд, хабар додааст, Прокуратураи Генералии Тоҷикистон. 


Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.