расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин ба Раҳмон занг заду фаҳмонд, ки барои чӣ орденаш дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Путин ба Раҳмон занг заду фаҳмонд, ки барои чӣ орденаш дод

Роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат, ки дар 70-умин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Путин аз ду далели фараҳбахш зикр кардаст.

Манбаъ афзуд, ки дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфтааст.

Путин тавзеҳ додааст, ки орден барои нақши назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ дода шудаст.

Раҳмон ба Путин изҳори сипос карда, таъкид кардаст, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мансуб медонад.

"Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.