расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раҳмон боварӣ дорад, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд низ рушд хоҳанд кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Раҳмон боварӣ дорад, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд низ рушд хоҳанд кард

Суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин суҳбати телефонӣ роҳбари Палатаи болоии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик намудаааст.

Қайд карда шудааст, кишвардори Тоҷикистон аз қадрдонӣ ва табрикоти Валентина Матвиенко самимона изҳори сипос кардааст.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар додааст, ки дар рафти суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Роҳбари давлати мо зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русия, изҳори боварӣ кард, ки робитаҳои байни Тоҷикистону Россия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард”, - хабар додааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин, президенти Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени ФР “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфт.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.