расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Рӯзи корӣ”: Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро чӣ гуна ҷашн мегирад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

“Рӯзи корӣ”: Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро чӣ гуна ҷашн мегирад?

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ раҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, 70-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар робита ба солгарди хос - 70- солагӣ дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, ягон чорабинии давлатӣ дар назар гирифта нашудааст.

“Барои gрезиденти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр як р=зи муқаррарии корӣ аст. Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас аз соати корӣ дар оила дар иҳотаи фарзандону пайвандонашон ҷашн мегиранд”, - гуфт манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омада, аз моҳи ноябри соли 1992 ба ин сӯ амалан раҳбари Тоҷикистон аст.

Хатми ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту субот ва баровардани Тоҷикистон ба роҳи рушди устувори иқтисодиро аз дастовардҳои сиёсатҳои 30 – солаи ӯ ном мебаранд.

Маврид ба зикр аст, ки моддаи 8-и қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҷлили зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат дода, барои нақзи ин меъёр ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 120 ва мансабдорон аз 250 то 270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таҳдид мекунад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.