расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин таманниёташро ба Раҳмону тоҷикистониён баён дошт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент / Сиёсат

Путин таманниёташро ба Раҳмону тоҷикистониён баён дошт


Раисҷумҳури Русия ҳамтои тоҷикистонияшро бо 70-умин солгарди мавлудаш шодбош гуфта, таманниётро барои ӯ ва мардуми кишвар баён доштаст

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияташ ба нафъи мардуми Тоҷикистон комёбӣ таманно кардаст.
Ин нукта дар паёми шодбошии Путин, ки ба муносибати 70-солагии Раҳмон ирсол шудаст, таъкид гардидаст.
"Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед",- омадааст дар паём.

Путин таъкид намудаст, ки Раҳмон ҳамчун дӯсти ҳақиқии Русия дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни давлатҳоя саҳми бузург мегузорад.
"Робитаҳои нек ва дӯстонаамонро баланд қадр мекунам. Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкориҳои наздики муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хушҳол хоҳам буд", - гуфт президенти Русия.
Ирсоли паём дар ҳолест, ки ахиран Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ордени "Барои хидмат ба Ватан" дараҷаи III тақдим кард. Дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.