расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Додгоҳ бозореро, ки бародари Назарбоев аз худ карда буд, ба давлат баргардонд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Додгоҳ бозореро, ки бародари Назарбоев аз худ карда буд, ба давлат баргардонд


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон шартномаи хариду фурӯши ширкати "Найза - БН"-ро бекор кард.
Ин ширкат муассиси калонтарин бозори яклухтфурӯшии "Барис-4" дар шаҳри Алмато аст.
"Додгоҳ тасмим гирифт, ки шикоятро қонеъ ва шартномаи хариду фурӯши саҳми давлат дар сармояи оинномавии ширкати "Найза-БН"-ро бекор кард", - хабар доданд аз додгоҳи шаҳрии Алмато.
Ба иттилои вазорати молияи Қазоқистон, яке аз муассисони ширкати "Найза-БН" Болат Назарбоев - бародари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. 65 дарсади саҳмияҳои бозор ба Болат Назарбоев тааллуқ доштааст.
Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, ҳангоми хариду фурӯш бозор бештар аз 3 млн доллар арзиш дошт, аммо онро ба қимати ҳамагӣ 640 ҳазор доллар фурӯхтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.