расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Украина аз гуфтугӯ бо Владимир Путин расман даст кашид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Украина аз гуфтугӯ бо Владимир Путин расман даст кашид


Владимир Зеленский, президенти Украина бо имзои фармоне қарори Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи кишварашро аз 30 сентябр ба иҷро даровард. Дар ин қарор омадааст, ки бо президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин гуфтугӯ сурат нахоҳад гирифт.
Ин тасмими Шӯрои амнияти Украина дар посух ба ғасби ҳудудҳои Украина аз сӯи Русия гирифта шуд.
Фармони Зеленский 4 октябр нашр шуд. Ҳамчунин матни муроҷиати президенти Украина, раиси порлумон ва сарвазири он кишвар ба НАТО нашр шуд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл даст кашидани Зеленскийро аз гуфтугӯ бо Путин шарҳ дод. "Акнун мунтазир мешавем, ки ё президенти кунунии Украина тағйири мавқеъ мекунад ё президенти навбатии Украинаро интизор мемонем, ки мавқеи худро ба нафъи мардуми украин тағйир медиҳад", - гуфт Песков.
30 сентябр Владимир Зеленский хабар дод, ки Украина барои фавран шомил шудан ба НАТО дархост медиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Украина то замони сари қудрат будани Путин бо Русия ҳеҷ гуфтугӯе нахоҳад кард. Ин изҳороти Зеленский посух ба ғасби ҳудудҳои Украина аз сӯи Русия буд.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо гуфт, ки Москва омодаи гуфтугӯ бо Киев ҳаст, аммо боре ҳам ишора накард, ки худи вай мустақиман дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунад ё на.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.