расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки бо як ҳайати фарҳангӣ ба манзури шикат дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карда аст, зимни ҳузур дар Сомони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.

Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.

Ин рӯйдоди фарҳагӣ шомили иҷрои барномаҳои гуруҳҳои ҳунари аз ҷумла гуруҳи намоиш, гуруҳи мусиқи, қироати шеър тавассути шоирони тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи нақоши, акс, ҳунарҳои дасти ва либосҳои миллии он кишвар мешавад.

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳаргуна ҳамкори дар ҳавзаи баргузории коргоҳи ҳунари ва таъомулоти донишгоҳи ва гуфтугуҳои илмӣ ва табодули донишҷу омодаи дорем.

Имонипур ибрози умедвори кард, ки шоҳиди рафтуомади нухбагон ва нависандагони ду кишвар бошем, чун ниёз ба восита надорем ва забони ҳар ду кишвар форси аст.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфтааст, ки омодаи рушди равобит бо Эрон ҳастем ва умедворем ин ҳамкориҳо дар тамоми сутуҳи фарҳангӣ ва ҳунари густариш ёбад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.